03 февр. 2026 г., 12:42

Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.с.2024 таҳти № 1126 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Феде-ратсияи Россия дар робита ба татбиқи режими ихроҷ»

Коидахо · Россия

Категория

Коидахо

Страна

Россия

Подробности

Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.с.2024 таҳти № 1126 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Феде-ратсияи Россия дар робита ба татбиқи режими ихроҷ»

Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.2024 таҳти № 1126 шаҳрвандони хориҷие, ки маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад, бояд ихтиёран аз қаламрави Федератсияи Россия бароянд ё аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 бояд ҳолати ҳуқуқии худро ба танзим дароранд (бе баромадан аз ҳудуди Россия ва бе назардошти мақсади воридшавӣ). Барои батанзимдарории ҳолати ҳуқуқӣ шаҳрванди хориҷӣ бояд:

1. идентификатсияи маълумоти биометрии шахсиро гузарад;

2. ташхиси тиббиро гузарад; 

3. ҳуҷҷати тасдиқкунандаро оид ба донистаи забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия ба даст гирад;

4. ҳамаи қарзҳои молиявиро ихтиёран супорад;

5. нисбати чунин шаҳрванд асос барои надодани патент ё беэътиборнок донистани он ё Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) ва ё Иҷозати иқомат (ВНЖ) вуҷуд надошта бошад.

Пас аз иҷрои ҳамаи ин амалҳо, ба шаҳрванди хориҷӣ тавсия дода мешавад, то ин ки аз мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиқистон дар Федератсияи Россия ба рақамҳои телефони зерин ҳанг зада, маслиҳати ҳуқуқиро оид ба амалҳои оянда, гирад:

v Округи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, WhatsApp +7 999 912-58-68;

v Округи федералии Приволжӣ, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

v Округи федералии Шимолу Ғарбӣ, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

v Округи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77;

v Округи федералии Сибирӣ, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

      * Округи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Автор: Jonochka991991