03 февр. 2026 г., 12:38

Кадом шаклҳои нави баҳисобгирии муҳоҷиратӣ бо Фармони ВКД РФ тасдиқ шудаанд?

Коидахо · Россия

Категория

Коидахо

Страна

Россия

Подробности

Кадом шаклҳои нави баҳисобгирии муҳоҷиратӣ бо Фармони ВКД РФ тасдиқ шудаанд?

Тибқи Фармони ВКД Россия аз 22 октябри соли 2024 таҳти № 628, тағйирот ба Фармони ВКД Россия аз 10 декабри соли 2020 таҳти № 856 ворид карда шудааст, ки Низомномаи маъмурӣ оид ба пешниҳоди хадамоти давлатӣ барои баҳисобгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро тасдиқ мекунад.

Ин тағйирот аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад ва шаклҳои нави ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳоҷиратиро тасдиқ менамояд:

Ø  Огоҳинома дар бораи расидани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба ҷойи будубош.

Ø  Дархост барои хориҷ кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз қайди муҳоҷиратии ҷойи будубош.

Ø  Дархост барои хориҷ кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз бақайдгирии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зист.

Ø   Дархост барои ислоҳи хатоҳо ва (ё) иштибоҳҳои ҷой дошта.

Ин тағйирот барои содда кардани тартиби баҳисобгирии муҳоҷиратӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байни шаҳрвандони хориҷӣ ва мақомоти назорати муҳоҷират равона шудааст.

Автор: Jonochka991991