03 февр. 2026 г., 12:37
Ҷавобгарии шаҳрванди хориҷӣ барои вуруди ғайриқонунӣ ба Федератсияи Россия ва вайрон кардани қоидаҳои будубош
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Ҷавобгарии шаҳрванди хориҷӣ барои вуруди ғайриқонунӣ ба Федератсияи Россия ва вайрон кардани қоидаҳои будубош
Шаҳрванди хориҷие, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Россия ворид шудааст ё қоидаҳои будубошро вайрон кардааст, метавонад ба ҷавобгарии маъмурӣ, шаҳрвандӣ ё ҷиноятӣ кашида шавад. Ин тибқи қонунгузории Федератсияи Россия, аз ҷумла Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КоАП РФ) ва Кодекси ҷиноятии Россия (УК РФ) танзим карда мешавад.
Кадом амалҳо вуруди ғайриқонунӣ ҳисобида мешаванд?
Ø Убури сарҳад бе ҳуҷҷатҳои амалкунанда (шиноснома, корти муҳоҷиратӣ).
Ø Ворид шудан ба Россия тавассути гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ ё пӯшида.
Ø Истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё беэътибор.
Ҷавобгарӣ:
Ø Ҷарима:
Ø Аз 2 000 то 5 000 рубл (моддаи 18.8 КоАП РФ).
Хориҷи маъмурӣ (административное выдворение) аз Россия:
Ø Манъи вуруд то 5 сол.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ:
Ø Агар вуруди ғайриқонунӣ такроран ё бо таҳдид ба амнияти Россия анҷом шавад, моддаи 322 УК РФ татбиқ мегардад.
Ø Ҷарима: то 200 000 рубл.
Ø Ҳабс: то 2 сол.
Чӣ гуна амалҳо вайронкунии қоидаҳои будубош ҳисобида мешаванд?
Ø Муҳлати зиёд мондан дар ҳудуди Россия пас аз анҷоми муҳлати иҷозатнома.
Ø Надоштани бақайдгири муҳоҷиратӣ дар маҳалли зист ё будубош дар муҳлати муқарраршуда.
Ø Кор бе патент ё иҷозатномаи расмӣ.
Ø Номувофиқ будани мақсади вуруд.
Ҷавобгарӣ:
Ø Ҷаримаи маъмурӣ:
Ø Аз 2 000 то 5 000 рубл.
Ø Дар Москва, Санкт-Петербург ва минтақаҳои федералӣ – аз 5 000 то 7 000 рубл (моддаи 18.8 КоАП РФ).
Хориҷи маъмурӣ (административное выдворение):
Ø Одатан ба ҷарима ҳамроҳ мешавад.
* Манъи вуруд ба Россия:
* Аз 3 то 10 сол вобаста ба вазнинии қонунвайронкунӣ.Автор: Jonochka991991