03 февр. 2026 г., 12:34

Амалҳои шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати мавҷуд будани манъи вуруд ба Россия

Коидахо · Россия

Категория

Коидахо

Страна

Россия

Подробности

Амалҳои шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати мавҷуд будани манъи вуруд ба Россия

1. Муайян кардани асосҳои манъи вуруд

                       Муроҷиат ба мақомоти ВКД-и Россия:

Ø  Ба шуъбаи минтақавии ВКД Фр шахсан муроҷиат кардан лозим

Ø  Барои санҷиши манъи вуруд метавонед сомонаи расмии ВКД  Россияро (https://мвд.рф) истифода баред.

Ø  Маълумоти шахсӣ лозим мешавад: ному насаб, шиноснома, санаи таваллуд.

                       Муайян кардани сабаби дақиқи манъи вуруд:

Ø  Сабабҳои манъ метавонанд бо қонунвайронкунии муҳоҷиратӣ, меҳнатӣ ё ҷиноӣ алоқаманд бошанд.

Амалҳо барои бартараф кардани манъи вуруд

Ø  Агар манъи вуруд бо ҷаримаҳо, андозҳо ё дигар қарзҳо алоқаманд бошад, онҳоро пардохт карда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба маққомотҳои дахлдор пешниҳод кардан лозим аст.

Ø  Агар сабаб вайронкунии қоидаҳои бақайдгирӣ ё равиши муҳоҷиратӣ бошад, хатогиҳоро ислоҳ кардан лозим аст (агар имконият бошад).

Ø  Шикоят нисбати ҳалнома оид ба манъи вуруд:

Ариза ба мақомоти масъули қабулкунандаи қарор (масалан, ВКД, ФСБ) пешниҳод кардан озим аст.

            Агар Ҳалномаи судӣ қабул карда шуда бошад, ҳатман ба суди болоӣ муроҷиат кардан лозим аст. Барои ин пешниҳоди ҳуҷҷатҳо лозим мешавад:

Ø  Ҳуҷҷатҳое, ки риояи қонунҳоро тасдиқ мекунанд.

Ø  Расидҳои пардохти ҷаримаҳо (агар лозим бошад).

Ø  Далелҳои дигаре, ки метавонанд барои бекор кардани манъи вуруд  кӯмак мерасонанд.

 

            Гирифтани кумаки ҳуқуқшинос:

Ø  Ба адвокате, ки дар масъалаҳои муҳоҷират тахассус дорад, муроҷиат кунед.

Ø  Ҳуқуқшинос метавонад аризаи даъвогӣ таҳия кунад ё дар раванди бекор кардани манъи вуруд кӯмак расонад.

 

                 Агар манъи вуруд бекор карда нашавад:

Ø  Баромадан аз қаламрави ФР ва интизор шудан то ба охир расидани муҳлати манъи вуруд. Давомнокии манъи вуруд вобаста ба ҳуқуқвайронкунии содиршуда аз 3 то 10 солро дар бар мегирад (дар баъзе ҳолатҳо то 30, 50, 100 сол метавонад бошад).

 

                Омодагӣ ба вуруд пас аз анҷоми муҳлат:

Ø  Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳамаи сабабҳои манъи вуруд бартараф карда шудаанд (масалан, қарзҳо пардохт шудаанд).

Ø  Ҳуҷҷатҳои заруриро барои вуруд ва будубош дар Россия омода кунед.

Ø  Чӣ кор кардан мумкин нест, агар манъи вуруд мавҷуд бошад

Ø  Кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани сарҳадоти Россияро накунед – ин метавонад боиси ҷазоҳои иловагӣ, аз ҷумла қабули Ҳалномаи нав оид ба манъи вуруд ва ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.                                      Ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод накунед, зеро ин вазъиятро бадтар мекунад.

Автор: Jonochka991991