03 февр. 2026 г., 12:31

Дар асоси кадом ҳолатҳо ба шаҳрванди хориҷӣ манъи вуруд ба Федератсияи Россия татбиқ карда мешавад?

Коидахо · Россия

Категория

Коидахо

Страна

Россия

Подробности

Дар асоси кадом ҳолатҳо ба шаҳрванди хориҷӣ манъи вуруд ба Федератсияи Россия татбиқ карда мешавад?

Манъи вуруд ба Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳо ва шартҳои будубош татбиқ карда мешавад.                                                        Сабабҳои манъкунӣ чунинанд:

1. Вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират

Аз ҳад зиёд бе дастрасии ҳуҷҷатҳо мондан дар Россия:

Ø  Агар шахс аз муҳлати иҷозатдодашуда бе тамдиди расмии он бештар дар қаламрави Россия қарор дошта бошад

Ø  Масалан, вайрон кардани қоидаи 90 шабонарӯз дар соли тақвимӣ (365 шабонарӯз) барои шахсони бидуни раводид.

                          Набудани сабти ном дар ҷои истиқомат:

Ø  Агар шахси хориҷӣ дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ пас аз воридшудан ба Россия худро дар қайди муҳоҷиратӣ нагузошта бошад.

2. Вайрон кардани уҳдадориҳои молиявӣ

                          Пардохт накардани андозҳо ё ҷаримаҳо:

Ø  Агар шахс қарзи андозӣ, ҷаримаҳо ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ дошта бошад.

  Пардохт накардани ҷаримаҳои маъмурӣ:

Ø  Масалан, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё тартиботи ҷамъиятӣ.

3. Вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

                        Собиқадори ҷаримаҳои маъмурӣ ё ҷинояти содиркарда шуда:

Ø  Агар шахси хориҷӣ барои ҷинояти вазнин маҳкум шуда бошад.

Ø  Вайронкунии маъмурӣ дар як сол бештар аз ду маротиба (масалан, ду ва зиёда ҷарима).

                         Иштирок дар фаъолияти экстремистӣ:

Ø  Агар шахс дар амале ширкат варзида бошад, ки ба амнияти миллӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекунад.

4. Вайрон кардани фаъолияти меҳнатӣ

Кор бе патент ё иҷозатномаи корӣ:

Ø  Агар шахс бе гирифтани гирифтани патент ё бо вайрон кардани шартҳои он кор карда бошад.

                        Анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ғайриқонунӣ:

Ø  Анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ бе патент;

Ø  Анҷом додани фаъолияти меҳнати дар минтақае, ки дар он патент эътибор надорад.

5. Асосҳои тиббӣ

                         Ошкор шудани бемориҳои хатарнок:

Ø  Агар шахс ба бемориҳое гирифтор бошад, ки ба саломатии ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, аз ҷумла:

Ø  Сил (туберкулёз) дар шакли кушод.

Ø  ВИЧ (дар баъзе ҳолатҳо).

Ø  Бемориҳои сироятӣ.

6. Таҳдид ба амнияти миллӣ

                        Амалиётҳое, ки ба манфиатҳои Россия таҳдид мекунанд:

Ø  Иштирок дар фаъолияти террористӣ ё экстремистӣ.

Ø  Шубҳа ба ҷосусӣ ё дигар амале, ки ба амнияти Россия зарар мерасонад.

7. Масъалаҳои ҳуҷҷатӣ

                        Ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё беэътибор:

Ø  Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, раводид, корти муҳоҷиратӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои сохта.

8. Набаромадан аз қаламрави Россия

                               * Агар шахс пас аз тамом шудани муҳлати раводид, патент ё ба қайдгирии муҳоҷиратӣ Россияро тарк накарда бошад.

Автор: Jonochka991991