03 февр. 2026 г., 12:28
Фарқияти байни ВНЖ (Иҷозати истиқомати доимӣ) ва шаҳрвандии Россия дар чист?
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Фарқияти байни ВНЖ (Иҷозати истиқомати доимӣ) ва шаҳрвандии Россия дар чист?
1. Иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) – ин иҷозатномаи расмиест, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад, то ки онҳо дар қаламрави Россия муддати тӯлонӣ зиндагӣ кунанд.
Ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои Иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ):
Ø Ҳуқуқи зиндагӣ ва кор дар ҳудуди Россия бидуни гирифтани иҷозати кор.
Ø Ҳуқуқи гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ.
Ø Ҳуқуқи сафар ба хориҷа ва бозгашт ба Россия бидуни раводид.
Ø Иҷозати истиқомати доимӣ бояд ҳар 5 сол тамдид карда шавад.
Ø Дорандаи Иҷозати истиқомати доимӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ ва иштирок дар интихоботро надорад.
Ø Иҷозати истиқомати доимӣ метавонад бекор карда шавад, агар шахс бештар аз 6 моҳ пай дар пай дар хориҷ аз Россия бошад ё қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ содир кунад.
2. Шаҳрвандии Россия – мақоми расмиест, ки шахсро ҳамчун шаҳрванди комили Россия эътироф мекунад ва ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрванди ин кишварро медиҳад.
Ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои шаҳрванди Россия:
Ø Ҳуқуқи гирифтани шиносномаи Россия.
Ø Ҳуқуқи овоздиҳӣ ва иштирок дар интихобот.
Ø Ҳуқуқи кор дар ҳама сохторҳо, аз ҷумла идораҳои давлатӣ ва низоми амниятӣ.
Ø Ҳуқуқи гирифтани кумаки иҷтимоӣ, нафақа ва дигар имтиёзҳо.
Ø Ҳуқуқи бидуни маҳдудият сафар кардан ба хориҷ ва бозгашт ба Россия.
Ø Уҳдадориҳо, аз ҷумла уҳдадории ҳарбӣ барои мардони синни хизмат.
Шаҳрвандиро бекор кардан ё аз даст додан мушкилтар аст.Автор: Jonochka991991