03 февр. 2026 г., 12:16

Чӣ гуна метавон иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) дар Россия гирифт? Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва муҳлати эътибор.

Хуччатхо · Россия

Категория

Хуччатхо

Страна

Россия

Подробности

Чӣ гуна метавон иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) дар Россия гирифт? Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва муҳлати эътибор.

Барои гирифтани Иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) дар Росия, бояд талаботи муайянро иҷро кард ва ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод намуд:

Барои гирифтани ВНЖ (Иҷозати истиқомати доимӣ), шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:

Ø       *  Ариза дар шакли муқарраршуда

Ø       *  Шиноснома ва тарҷумаи тасдиқшудаи он

Ø       *  Муҳри РВП (агар лозим бошад)

Ø       *  Акси 3,5 × 4,5 см (4 дона)

Ø        *  Шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Россия ва қонунгузории Феератсияи Россия

Ø       *  Ҳуҷҷати тиббӣ, ки надоштани бемориҳои хатарнокро тасдиқ мекунад

Ø       *  Расиди пардохти боҷи давлатӣ (5000 рубл)

Ø       *  Ҳуҷҷат дар бораи даромад (маош, нафақа, пасандоз ё кафолати молиявӣ)

 

Муҳлати баррасии дархост – 4 то 8 моҳ, вобаста ба асоси муроҷиат.

 Пас аз гирифтани ВНЖ, шумо бояд дар муддати 15 рӯз дар ҷои истиқомат сабти ном (регистрация) кунед.

Ҳар сол бояд ба мақомоти муҳоҷират гузориш диҳед, ки дар Россия зиндагӣ ва кор мекунед. Агар ин корро 2 сол пайиҳам анҷом надиҳед, ВНЖ метавонад бекор шавад.

ВНЖ (Иҷозати истиқомати доимӣ) - муҳлати анҷом надорад.

Бо доштани ВНЖ, шумо метавонед пас аз 1 сол барои шаҳрвандии Россия муроҷиат кунед (агар асос дошта бошед).

Автор: Jonochka991991