03 февр. 2026 г., 12:10
Низоми ихроҷ (Режим высылки)
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Низоми ихроҷ (Режим высылки)
Аз 5 феврали соли 2025 дар Федератсияи Россия «Низоми ихроҷ» (Режим высылки) амали худро оғоз намуд. Мувофиқи ин низом Феҳристи шахсони назоратшаванда аз тарафи Вазорати корҳои дохилии ФР тартиб дода шудааст ва дар сомонаи Вазорат ҷойгир аст. Ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки дар Россия бе асоси қонунӣ будубош мекунад ба ин Феҳрист ворид карда мешавад ва он наметавонад:
- бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ ҷои истиқоматиро тағйир диҳад ва ё истиқомат кунад
- аз минтақае, ки дар он зиндагӣ мекунад, берун барояд
- нақлиётро идора кунад
- шаҳодатномаи ронандагиро гирад
- ба даст овардани амволи манқул ва ғайриманқул ва ба қайд гирифтани он
- қайд намудани ақди никоҳ
- шахси ҳуқуқӣ таъсис додан, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гузоштан
· аъзо ё муассиси ташкилоти динӣ ё ҷамъиятӣ шудан.
Дар асоси ҳалномаи мақомотҳои минтақавии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия шаҳрванди хориҷие, ки ному насабаш дар Феҳрист гузошта мешавад, хориҷ ё депортатсия карда мешавад.Автор: Jonochka991991