03 февр. 2026 г., 12:06
Қоидаи 90/365 ба қӣ таалуқ дорад?
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Қоидаи 90/365 ба қӣ таалуқ дорад?
Аз 1-уми январи соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намуд. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ гардид ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шуд.
Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад, ҳуқуқ пайдо мекунад, ки аз рӯзи воридшавӣ дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр, ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин қоида ҳар сол аз 1 январ оғоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад.Автор: Jonochka991991