03 февр. 2026 г., 12:04
Агар шаҳрванд дар Руйхати шахсони назоратшаванда бошад, ба куҷо бояд муроҷиат намояд?
Гос органы по вопросам миграции · Россия
Категория
Гос органы по вопросам миграции
Страна
Россия
Подробности
Агар шаҳрванд дар Руйхати шахсони назоратшаванда бошад, ба куҷо бояд муроҷиат намояд?
Агар шаҳрванди хориҷӣ ному насаби худро дар Руйхати шахсони назоратшаванда дарёфт намуда бошад ва ҳоло дар Федератсияи Россия будубош намуда истодааст, ҳатман ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо рақамҳои зерин муроҷиат намояд:
8 (495) 967 98 44 – корӣ
8 (999) 912 58 68 Whatsapp.
Он шаҳрвандоне, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош намуда истодаанд ва ному насаби худро дар ин руйхат дарёфт намудаанд ва дар даст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба будубоши қонунӣ дар Федератсияи Россия доранд, тавсия медиҳем то 10 сентябри соли 2025 ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ш. Душанбе, кӯчаи А. Навои 5/1 ё ба Намояндагии муассисаи Федералии вохиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ш. Душанбе, кӯчаи Айни 121 ҷойгир ҳастанд, муроҷиат намоянд, то ин ки ному насаби онҳо аз Руйхати шахсони назоратшаванда гирифта шавад.Автор: Jonochka991991