03 февр. 2026 г., 11:47
Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ Қарор оид ба манъи вуруд қабул карда шавад, у ҳуқуқ дорад, ки ному насабашро иваз кунад ва дубора ба Россия сафар намояд?
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ Қарор оид ба манъи вуруд қабул карда шавад, у ҳуқуқ дорад, ки ному насабашро иваз кунад ва дубора ба Россия сафар намояд?
Агар шаҳрванди хориҷӣ донад, ки нисбати у қарор оид ба манъи вуруд қабул карда шудааст, аммо у ному насабашро иваз намуда, ба Федератсияи Россия сафар намояд ва сарҳадро гузашта тавонад, дар асоси банди 2-уми моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия у ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Ҷавобгарӣ: бо ҷарима ба андозаи то сесад ҳазор сомонӣ ё кори маҷбурӣ ба муҳлати то чор сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат, ҷазо дода мешавад.
Агар ҳамин амалҳо аз тарафи гуруҳи шахсон анҷом дода шавад, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ дар асоси банди 3-уми моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия кашида мешаванд.
Ҷавобгарӣ: Амалҳои дар қисмҳои дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешаки ё гуруҳи муташаккил ё бо истифодаи зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то шаш сол ҷазо дода мешавад.
Автор: Jonochka991991