03 февр. 2026 г., 11:45

Оқибатҳои ҳуқуқӣ дар ҳолати набаромадан аз қаламрави Россия пас аз қабули Ҳалномаи судӣ

Коидахо · Россия

Категория

Коидахо

Страна

Россия

Подробности

Оқибатҳои ҳуқуқӣ дар ҳолати набаромадан аз қаламрави Россия пас аз қабули Ҳалномаи судӣ

Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ Ҳалномаи суд оид ба хориҷӣ маъмурӣ (выдворение) қабул карда шавад, шаҳрванд аз рӯзи баромадан аз қаламрави Россия, дар муддати 5 сол дубора ба Россия ворид шуда наметавонад.

Бо сабаби он, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия  меъёр оид ба баромадан аз қаламрави Федератсияи Россия дар шакли “назоратӣ/маҷбурӣ” ва “ихтиёрӣ” вучуд дорад, баъзе аз шаҳрвандон ба тариқи “ихтиёрӣ” аз қаламрави Россия намебароянд ва ғайриқонунӣ будубошро давом медиҳанд.

Дар ҳолати ғайриқонунӣ будубош намудани шаҳрванди хориҷӣ пас аз қабули Ҳалномаи судӣ ва дастгир шудани он, нисбати шаҳрванд Ҳалномаи нави судӣ қабул карда мешавад ва дар асоси ин Ҳалнома роҳи шаҳрванд ба 10 сол махкам карда мешавад. Пас аз қувваи қонунӣ пайдо кардани Ҳалномаи суд шаҳрванди хориҷӣ ба тариқи “назоратӣ/маҷбурӣ” аз Россия  хориҷ карда мешавад.

Автор: Jonochka991991