03 февр. 2026 г., 11:22
Пешниҳод намудани «Огоҳномаи меҳнатӣ»
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Пешниҳод намудани «Огоҳномаи меҳнатӣ»
Аз 7 январи соли 2024 шаҳрванди хориҷӣ ӯҳдадор ҳаст, ки паз аз гирифтани патент ва пеш аз оғоз намудани фаъолияти меҳнатӣ, бо корфармо Шартномаи меҳнатӣ бандад ва дар муддати 2 моҳ (аз рӯзи гирифтани патент) ҳатман ба мақомоти минтақавии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия “Огоҳномаи меҳнатӣ”-ро бо замимаи нусхаи шартномаи меҳнатӣ шахсан супорад ё ба тариқи сомонаи “Госуслуги” ё “Почтаи Россия” равон намояд.
Агар шаҳрванди хориҷӣ дар вақти муқарраршуда “Огоҳномаи меҳнатӣ”-ро пешниҳод накунад, Патенти шаҳрванд беэътибор дониста мешавад ва у ҳатман дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ бояд аз қаламрави Федератсияи Россия барояд ва танҳо пас аз як сол, метавонад Патенти нав гирад.
Дар ҳолати набаромадан аз қаламрави Федератсияи Россия шаҳрванди хориҷиро хориҷ ё депортатсия мекунанд.Автор: Jonochka991991