03 февр. 2026 г., 11:18
Супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърихи Россия ва қонунгузории Федератсияи Россия
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърихи Россия ва қонунгузории Федератсияи Россия
Аз соли 2024 дар Федератсияи Россия тартиби супоридани имтиҳонҳо оид ба донистани забони русӣ, таърихи Россия ва қонунгузории Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйир ёфт. Акнун ин имтиҳонҳо танҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимии аккредитатсияшуда (92-то Донишгоҳ муайян карда шудааст) гузаронида мешаванд ва ташкилотҳои тиҷоратӣ дигар дар ин раванд иштирок намекунанд.
Ҷойҳои супоридани
имтиҳон:
Барои интихоби
ҷои мувофиқ оид ба супоридани имтиҳон, Шумо метавонед аз портали «Госуслуги»
истифода баред, ки дар он рӯйхати
донишгоҳҳои дастрас бо нишони дақиқ ва маълумоти тамос пешниҳод шудааст. Ин ба
шумо кӯмак мекунад, ки маркази наздиктарини қабули имтиҳонро пайдо карда, барои
супоридани имтиҳон номнавис шавед.
Арзиши имтиҳон вобаста ба ҳадафи супоридани он муайян карда мешавад:
• Барои гирифтани иҷозатномаи
истиқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозатномаи истиқомати доимӣ (ВНЖ): 5900 рубл.
• Барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент: 3800 рубл.
• Барои гирифтани шаҳрвандии Россия:
- Имтиҳон аз забони русӣ — 2950 рубл.
- Имтиҳон аз таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия — 2950 рубл.
Ин нархҳо тибқи қарори ҳукумат муқаррар шудаанд ва барои ҳамаи минтақаҳои Россия якхела мебошанд.
Маълумоти иловагӣ:Тавсия дода мешавад, ки пешакӣ ҷадвали имтиҳонҳоро ва мавҷудияти ҷойҳои холиро дар маркази интихобшуда муайян кунед, инчунин бо талабот ва маводи омодагӣ барои супоридани муваффақонаи имтиҳон шинос шавед.
Автор: Jonochka991991