03 февр. 2026 г., 11:10
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (Добровольное медицинское страхование - ДМС).
Коидахо · Россия
Категория
Коидахо
Страна
Россия
Подробности
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (Добровольное медицинское страхование - ДМС).
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ҳуҷҷати муҳим мебошад, ки одатан на худи шаҳрванди хориҷӣ ва на корфармоёни онҳо ба он аҳамияти калон намедиҳанд.
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббиро бояд ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Россия новобаста аз мақсад ворид мешаванд, бояд аз рӯзи якум ба даст гиранд.
Ба кӣ полис лозим нест?
ü * Шаҳрвандони Белорусс;
ü *Шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи гурезаро гирифтаанд, ё ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани шаҳодатномаи гуреза супорида бошанд;
ü * Шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатӣ ё доимӣ будубош менамоянд;
ü * Шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатӣ будубош намуда истодаанд ва Полиси ҳатмии тиббӣ доранд.
Барои гирифтани Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) дар Россия бояд қадамҳои зеринро иҷро кунед:
ü * Ширкати суғуртавиро интихоб кунед: метавонед ба ширкатҳои бузурги суғуртавӣ, монанди «Росгосстрах», «Согаз», «АльфаСтрахование» ва дигарон муроҷиат намоед;
ü * Барномаи суғуртаро интихоб кунед: Полисҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ вобаста ба сатҳи пӯшиш фарқ мекунанд. Барномаҳои асосӣ кӯмаки амбулаторӣ ва госпитализатсияи фавқуллодаро дар бар мегиранд, дар ҳоле ки барномаҳои васеъ хидматҳои иловагӣ, ба монанди дандонпизишкӣ ва муоинаҳои нақшавиро дар бар мегиранд. Ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:
v * Шиноснома (ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсиятро тасдиқ мекунад);
v * Корти муҳоҷират (барои шаҳрвандони хориҷӣ);
v * Огоҳнома оид ба қайди муҳоҷираӣ (агар лозим бошад);
v * Ариза барои гирифтани Полис.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ нархи полис метавонад аз 3 000 то 20 000 рубл дар як сол бошад.
Арзиши пардохти полис аз барнома ва минтақа вобаста аст – дар бисёр ҳолатҳо 100 ҳазор рубл.
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ Шумо метавонед аз худи ширкати суғуртавӣ ё ба тариқи онлайн ба даст гиред.
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Россияро надоранд ва синну солашон аз 18 то 70 мебошад, лозим аст.
Автор: Jonochka991991