03 февр. 2026 г., 10:15

Гирифтани Патенти нав бе убури сарҳад

Хуччатхо · Россия

Категория

Хуччатхо

Страна

Россия

Подробности

Гирифтани Патенти нав бе убури сарҳад

Барои гирифтани Патенти нав шаҳрвади хориҷӣ бояд 10 рӯз пеш аз ба итмом расидани муҳлати Патенти амалкунанда, ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, ки дар он ҷой Патент пештара гирифтааст, пешниҳод намояд.                                                                                                   Ҳуҷҷатҳо:

1.           * Ариза оид ба гирифтани патенти нав (переоформление Патента). Дар шакли тасдиқкардаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия пур карда мешавад (дар сомонаи ВКД ФР ҷойгир аст);

  1. Шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият. Ҳуҷҷат бояд эътиборнок бошад ва дар он муҳри корманди сарҳадот оид ба убури сарҳад бояд бошад;

3.                * Корти муҳоҷиратӣ, ки дар он бояд мақсади ворид “Работа” қайд карда шавад;

  1. Патенти амалкунанда. Пешниҳод карда мешавад барои додани Патенти нав;

5.     Шартномаи меҳнатӣ ё Шартномаи ҳуқуқӣ- шаҳрвандӣ. Нусхаи Шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, ки дар асоси патенти амалкунанда баста шудааст. Шартнома бояд дар мақомоти ВКД ФР ба қайд гирифта шуда бошад;

6.     Расид оид ба супоридани  андоз аз даромади шахси воқеӣ (НДФЛ) ба муҳлати на камтар аз 1 моҳ;         

7.     Маълумотномаи тиббӣ - ҳуҷҷат дар бораи  мавҷуд набудани бемориҳои сироятӣ (нашъамандӣ, ВНМО - вируси норасоии масъунияти одам); 

8.     Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия ().

9.     Полиси суғуртаи ихтиёрӣ (муҳлати эътибориаш бояд ба муҳлати патент мувофиқ бошад).

      *  Суратҳо: 2-3 сурати рангоранги ҳаҷмаш 3x4 см. 

Автор: Jonochka991991