03 февр. 2026 г., 10:04

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани Патент

Хуччатхо · Россия

Категория

Хуччатхо

Страна

Россия

Подробности

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани Патент

1) Ариза оид ба додани патент;

2) Шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ);

3) Корти муҳоҷиратӣ бо нишон додани мақсади ворид «Работа» (кор)  ва бо муҳри корманди сарҳадот оид ба  воридшавии шаҳрванди хориҷӣ;

4) Полиси тиббии амалкунанда дар қаламрави Федератсияи Россия (Суғуртаи тиббии ихтиёрӣ – ДМС)

5) Ҳуҷҷат дар бораи  мавҷуд набудани бемориҳои сироятӣ (нашъамандӣ, ВНМО - вируси норасоии масунияти одам);

6) Ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба донисани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия (Сертификат);

7) Ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба гузошта шудан дар қайди муҳочиратӣ.

Агар шаҳрванд дар муҳлати муайяншуда, ҳуҷҷатҳоро супорида натавонад, у бояд ҳатман ҷарима супорад ва оид ба супоридани ҷарима расидро ба дигар ҳуҷҷатҳо замима карда, пешниҳод намояд. 

Автор: Jonochka991991