03 февр. 2026 г., 09:55

Муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия: раванд ва шаҳодатномаи тиббӣ

Хуччатхо · Россия

Категория

Хуччатхо

Страна

Россия

Подробности

Муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия: раванд ва шаҳодатномаи тиббӣ

Муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Россия ба муддати тӯлонӣ будубош кардан мехоҳанд, ҳатмист. Ин муоина барои гирифтани:

  • иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП),
  • иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ),
  • патенти кор,
  • иҷозаи кор,
  • иҷозаи таҳсил (дар баъзе ҳолатҳо),

зарур мебошад.

Ø  Кӣ бояд муоинаи тиббиро гузарад?

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Россия зиёда аз 90 рӯз қарор доранд, бояд муоинаи тиббӣ гузаранд, агар онҳо:

  • патент барои анҷоми додани фаъолияти меҳнатӣ мегиранд;
  • барои гирифтани иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП) муроҷиат мекунанд;
  • мехоҳанд иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ) гиранд;
  • барои таҳсил бо иҷозаи махсус омадаанд;
  • мехоҳанд муҳлати будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.

 

Ø  Муоинаи тиббиро дар куҷо бояд гузашт?

Муоина танҳо дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ё клиникаҳои хусусие, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Россия иҷозат (аккредитатсия) гирифтаанд, бояд гузаронида шавад.

Ø  Чӣ гуна муоинаҳо гузаронида мешаванд?

Муоинаи тиббӣ фарогир аст:

  • Озмоиш барои сил (туберкулёз) – флюорография ё рентгени қафаси сина;
  • Озмоиши ВНМО/ВИЧ (анализи хун);
  • Бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда (масалан, сифилис);
  • Вобастагӣ надоштан ба маводи мухаддир ё машрубот;

Ҳамчунин мулоқот бо табибони зерин мегузарад:

  • терапевт,
  • нарколог,
  • психиатр,
  • дерматовенеролог.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                               Шаҳодатномаи тиббӣ (маълумотнома)

    Пас аз анҷоми муоина, ба шаҳрванд маълумотномаи тиббӣ (шаҳодатнома) дода мешавад, ки он тасдиқ мекунад:

    • набудани бемориҳои сироятии хатарнок;
    • набудани ВНМО/ВИЧ;
    • набудани вобастагӣ аз маводи мухаддир.

    Шакли маълумотнома мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустии Федератсияи Россия таҳия шудааст ва дорои маълумоти зерин аст:

    • Ном, насаб, санаи таваллуд;
    • Натиҷаи озмоишҳо;
    • Хулосаи табибон;
    • Санаи додан ва муҳлати эътибор.

    Ø  Агар беморӣ ошкор шавад ё шахс муоина нагузарад

    Дар ҳолате, ки дар шахс бемориҳои хавфнок, монанди ВНМО/ВИЧ ё туберкулёзи фаъол муайян карда шаванд, ин метавонад сабаби рад кардани додани ҳуҷҷат ё ҳатто депортатсия (баргардонидан ба кишвараш) гардад.

Автор: Jonochka991991