02 февр. 2026 г., 10:31

Бақайдгирии дактилоскопӣ (супоридани изи ангушт) ва аксбардорӣ дар кадом мақомотҳои Россия гузаронида мешавад?

Гос органы по вопросам миграции · Россия

Категория

Гос органы по вопросам миграции

Страна

Россия

Подробности

Бақайдгирии дактилоскопӣ (супоридани изи ангушт) ва аксбардорӣ дар кадом мақомотҳои Россия гузаронида мешавад?

Дар Россия бақайдгирии дактилоскопӣ (супоридани изи ангушт) ва аксбардорӣ дар мақомотҳои зерин гузаронида мешавад:

 

Ø  Вазорати корҳои дохилии Россия (МВД РФ) – шӯъбаҳои минтақавии  Сарраёсати ВКД ФР (ГУВМ МВД) оид ба муҳоҷират барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми бақайдгирии муҳоҷиратӣ, гирифтани иҷозати иқомат ва шаҳрвандӣ.

Ø  Марказҳои муҳоҷират – монанди Маркази бисёрсаҳавии муҳоҷирати "Сахарово" дар Москва, ки дактилоскопия ва аксбардориро барои муҳоҷирон ҳангоми гирифтани патент ва иҷозат барои кор анҷом медиҳад.

Ø  Хадамоти федеролии бехатарӣ (ФСБ РФ) – дар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ ва шӯъбаҳои амниятӣ ҳангоми расмиёти муайян.

Ин талабот ба муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ дахл дошта, мувофиқи қонунҳои муҳоҷирати Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад.

Автор: Jonochka991991