01 февр. 2026 г., 17:14
Мақсадҳои воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси Корти муҳоҷиратии Федератсияи Россия
Хуччатхо · Россия
Категория
Хуччатхо
Страна
Россия
Подробности
Мақсадҳои воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси Корти муҳоҷиратии Федератсияи Россия
|
1. Хизматӣ (Служебная) - агар шаҳрванд як ҳайати расмӣ бошад ё аз ҷониби Ҳукумати Россия даъват шуда бошад. 2. Сайёҳат (Туризм) - барои онҳое ҳаст, ки дар Россия танҳо истироҳат мекунанд. 3. Тиҷоратӣ (Бизнес) - барои онҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ, имзо кардани ҳуҷҷатҳои корӣ, ба вохӯрии корӣ мераванд. 4. Таҳсил (Учёба) - барои онҳое ҳаст, ки ба Россия барои таҳсил мераванд. 5. Кор (Работа) - агар шаҳрванд нияти дар Россия пайдо кардани кор дошта бошад ё аллакай пайдо кардааст. 6. Хусусӣ (Частная) - барои онҳое, ки ба оила ва дӯстон ташриф меоранд. 7. Транзит - агар макони ниҳоии шаҳрванд кишвари дигар бошад. |
Автор: Jonochka991991