12 дек. 2025 г., 07:36

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 2 январи соли 2025

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 2 январи соли 2025

БОБИ 4. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АҚДИ НИКОҲ

Моддаи 32. Асос барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ

Асос барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аризаи муштараки шахсони никоҳшаванда ба ҳисоб меравад.

Моддаи 33. Ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ

1. Ақди никоҳ аз тарафи мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ мувофиқи хоҳиши шахсони никоҳшаванда дар маҳалли истиқомати яке аз онҳо ё маҳалли истиқомати падару модари онҳо ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

2. Ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Моддаи 34. Ариза дар бораи ақди никоҳ

1. Шахсони никоҳшаванда ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ аризаи хаттии муштарак оид ба бастани ақди никоҳ пешниҳод менамоянд. Дар аризаи онҳо бояд розигии тарафҳо барои бастани ақди никоҳ ва мавҷуд набудани монеаҳои ақди никоҳки моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаастқайд шуда бошанд. Дар аризаи муштараки онҳо инчунин бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

1) насаб, ном, номи падар,сана ва ҷойи таваллудшаҳрвандӣмиллатмаҳалли истиқомати шахсони никоҳшаванда;

2) насабеки шахсони никоҳшаванда барои худ интихоб менамоянд;

3) оид ба ҳуҷҷатҳоеки шахсияти шахсони никоҳшавандаро тасдиқ менамоянд.

2. Шахсони никоҳшаванда дар аризаи муштарак оид ба бастани ақди никоҳ имзо мегузоранд ва санаи тартиб додани онро қайд менамоянд.

3. Дар баробари аризаи муштарак дар бораи бастани ақди никоҳҳуҷҷатҳои зерин низ пешниҳод карда мешаванд:

1) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони никоҳшаванда;

2) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи беэътибор донистан ё шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳи қаблӣ ва (ё) нусхаи шаҳодатномаи вафот (дар сурати вафоти яке аз ҳамсарон) агар шахс (шахсон) пеш аз ин дар ақди никоҳи дигар бошад;

3) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда;

4) санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда дар хусуси кам кардани синни никоҳӣ, дар сурате ки агар шахсони никоҳшаванда ноболиғ будатибқи қисми 2 моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни никоҳӣ нарасида бошанд;

5) нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд ё маълумотнома дар бораи мавҷудияти сабти таваллуди шахсони никоҳшаванда бо нишон додани насаб, ном ва номи падари падару модари онҳо;

6) агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошадҳуҷҷати тасдиқкунандаи истиқомат дарҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаи никоҳ.

4. Агар яке аз шахсони никоҳшаванда ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи муштаракки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаастимконияти ҳозир шуданро надошта бошадизҳори иродаи шахсони никоҳшаванда метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаи онҳо ба расмият дароварда шавад.

Моддаи 35. Тартиби бақайдгирии давлатии ақди никоҳ

1. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани аризаи муштараки шахсонеки хоҳиши бастани ақди никоҳро доранд, ба ҷо оварда мешавад. Дар сурати тибқи қисми 4 моддаи 34 Қонуни мазкур алоҳида пешниҳод шудани аризаи никоҳшавандагонбақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод гардидани аризаи дуюм ба ҷо оварда мешавад.

2. Мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣки аризаро дар бораи бастани ақди никоҳ қабул намудаастуҳдадор аст шахсони никоҳшавандаро бо тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии ақди никоҳҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо ҳамчун ҳамсарони оянда шинос намудаонҳоро оид ба оқибатҳои пинҳонкунии маълумотеки барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ монеа мегардандогоҳ намояд.

3. Дар асоси аризаи муштараки шахсони никоҳшаванда муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тағйир дода шудабақайдгирии давлатии ақди никоҳ то гузаштани як моҳ ва (ё) на дертар аз се моҳ аз рӯзи додани ариза дар бораи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ба ҷо оварда мешавад.

4. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар ҳузури шахсони никоҳшаванда ба ҷо оварда мешавад.

5. Бо хоҳиши шахсони никоҳшаванда бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар вазъияти ботантана дар бинои мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва берун аз он сурат мегирадХонаҳои ақди никоҳ маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳро дар вазъияти ботантана танҳо дар дохили биноҳои худ амалӣ менамоянд.

6. Дар ҳолате ки агар шахсони никоҳшаванда (яке аз онҳобо сабаби беморӣ ё дигар сабабҳои узрнок ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозир шуда натавонандбақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар хона, ташкилоти тиббӣ ва (ё) дар дигар ташкилот дар ҳузури шахсони никоҳшаванда сурат мегирад.

7. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ бо шахсеки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ муҳлати ҷазоро адо менамояд, дар ҷоеки роҳбари муассисаи дахлдор бо мувофиқаи роҳбари мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян намудааст, ба ҷо оварда мешавад.

8. Дар сурати риоя нашудани шартҳои ақди никоҳ ва мавҷуд будани монеаҳои ақди никоҳки дар моддаҳои 12 ва 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаандақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта намешавад.

Моддаи 36. Тартиби сабт кардани насаби ҳамсарон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ

1. Зану шавҳар ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ метавонанд насаби якеро ҳамчун насаби умумӣ бо риояи моддаи 20 Қонуни мазкур интихоб намоянд ё насаби то ақди никоҳ доштаро нигоҳ доранд. Дар сурати тағйир ёфтани насаб дар асоси сабти асноди ақди никоҳворид намудани маълумот ба сабти асноди дигар бо риояи боби 9 Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешавад.

2. Ба сифати насаби умумии ҳамсарон метавонад насабе навишта шавадки бо роҳи илова кардани насаби яке аз ҳамсарон ба насаби ҳамсари дигар ташаккул ёфтааст. Агар ҳар ду ё яке аз ҳамсарон насаби дутаркиба дошта бошанд, ба ҳам пайвастани насабҳо манъ аст.

3. Ивазшавии насаби яке аз ҳамсарон боиси иваз шудани насаби ҳамсари дигар намегардад.

Моддаи 37. Муҳтавои сабти асноди ақди никоҳ

Ба сабти асноди ақди никоҳ маълумоти зерин ворид карда мешаванд:

1) насаб, ном, номи падар (то ва баъд аз бастани ақди никоҳ), сана ва ҷойи таваллудшаҳрвандӣмиллатвазъи оилавӣмаълумот дар бораи кӯдакони умумӣсанаи бақайдгирии бастани ақди никоҳмаҳалли истиқомати ҳар кадоме аз шахсони никоҳшаванда;

2) дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи беэътибор донистан ё қатъ шудани ақди никоҳи қаблӣ, дар сурате ки агар шахс (шахсон)-и никоҳшаванда пештар дар ақди никоҳ қарор дошта бошад;

3) дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони никоҳшаванда;

4) санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди ақди никоҳ;

5) силсила ва рақами шаҳодатномаи ақди никоҳи додашуда;

6) номи мақоми бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣки сабтро тартиб додааст.

Моддаи 38. Шаҳодатномаи ақди никоҳ

Шаҳодатномаи ақди никоҳ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

1) насаб (то ва баъд аз бастани ақди никоҳ), ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллудшаҳрвандӣмиллати ҳар кадоме аз шахсони никоҳшаванда;

2) санаи бастани ақди никоҳ;

3) санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди ақди никоҳ;

4) ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ (номи мақомеки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтааст);

5) силсиларақам ва санаи додани шаҳодатномаи ақди никоҳ.

БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АҚДИ НИКОҲ

Автор: Iskandar