12 дек. 2025 г., 07:33

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 2 январи соли 2025

Руководство по работе с беженцами · Россия

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Россия

Подробности

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 2 январи соли 2025

БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАВАЛЛУД

Моддаи 16. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии таваллуд

1. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии таваллуд инҳо мебошанд:

1) ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллудки аз тарафи ташкилоти тиббии ҷойи таваллуд ё аз тарафи табиб ва (ё) корманди миёнаи тиббии ташкилоти тиббӣки дар давраи таваллуд ба зан кумаки тиббӣ расонидааст ва (ё) модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст, ё аз тарафи шахсеки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул астҳангоми таваллуд берун аз ташкилоти тиббӣ дода шудааст;

2) ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудансинну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣвасояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд.

2. Дар сурати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддабақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дар асоси санади судӣ ба ҷо оварда мешавад.

Моддаи 17. Ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуд ва муайян намудани ҷойи таваллуди кӯдак

1. Бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуди кӯдак ё маҳалли истиқомати доимӣ ва (ё) будубоши муваққатии падару модари (яке аз онҳокӯдак гузаронда мешавад.

2. Дар сабти асноди таваллуд маҳалли воқеии таваллуди кӯдак ё номи маконеки кӯдак дар он ҷо ёфт шудаастнишон дода мешавад. Агар кӯдак дар ҳавопаймоқатора ва (ё) дигар воситаи нақлиёт ҳангоми сафар таваллуд шуда бошадҷойи таваллуди кӯдак ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак ҳисоб мешавад.

Моддаи 18. Ариза дар бораи таваллуди кӯдак

1. Падару модар (яке аз онҳо) ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак аризаи хаттӣ пешниҳод мекунанд.

2. Агар падару модар (яке аз онҳоимконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошандариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модармақомоти васояту парасторӣ ё шахси мансабдори ташкилоти тиббӣки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва (ё) аз тарафи шахси мансабдори ташкилоти дигареки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва (ё) кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

3. Дар баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакбояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти таваллуди кӯдакинчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти муроҷиаткунанда ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигареки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонандпешниҳод карда шаванд.

4. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти аризадиҳанда ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигареки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонандбақайдгирии таваллуди кӯдак дар асоси муроҷиати хаттии ташкилоти тиббӣ ё мақомоти васояту парасторӣ ба ҷо оварда мешавад.

5. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дар муддати се рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза баррасӣ гардида, аз рӯйи натиҷаи он шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад ва (ё) қарор дар бораи рад кардани додани шаҳодатномаи таваллуд қабул карда мешавад.

Моддаи 19. Тартиби ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак

1. Дар китобҳои бақайдгирии давлатии сабти таваллуд мувофиқи аризаи падар ва (ё) модарки дар ақди никоҳи якдигар мебошандпадару модари кӯдак навишта мешавандМаълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур ва маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар ворид карда мешаванд.

2. Агар ақди никоҳи байни падару модари кӯдак бекор гардида бошад, аз тарафи суд беэътибор дониста шуда бошад ва (ё) ҳамсар вафот карда бошад, вале аз рӯзи бекор кардани ақди никоҳбеэътибор донистани он ва (ё) аз рӯзи вафоти ҳамсар то рӯзи таваллуди кӯдак сесад рӯз нагузашта бошадмаълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ва маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти бақайдгирии давлатии ақди никоҳинчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеият ва вақти қатъи ақди никоҳ ворид карда мешаванд.

3. Агар падару модар дар ақди никоҳи якдигар қарор надошта бошандмаълумот дар бораи модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дохил карда мешавадМаълумот дар бораи падари кӯдак дар ҳолатҳои зерин ворид карда мешавад:

1) дар асоси сабти асноди муқаррар намудани падарӣ;

2) бо аризаи модари кӯдак, дар ҳолатеки агар падарӣ муқаррар нашуда бошад.

4. Дар ҳолати дар ақди никоҳ набудани модар бо падари кӯдак ва агар падарӣ муқаррар нашуда бошаднасаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттии ӯ сабт карда мешавадМаълумоти воридкардашуда барои ҳалли масъалаи муқаррар намудани падарӣ монеа шуда наметавонадМаълумот дар бораи падари кӯдак метавонад дар сабти таваллуди кӯдак бо хоҳиши модар дарҷ карда нашавад.

Моддаи 20. Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар

1. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанганъанаҳои миллӣ ва феҳристи номҳои миллии тоҷикӣки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавадамалӣ мегардад.

2. Насаби шахс дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева сабт карда мешавадНасаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз ном ё насаби падар ё решаи онҳонасаби модар ё решаи насаби ӯ, ном ё насаби бобо, номи падари бобо бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духтташаккул ёбадНасаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.

3. Номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар тибқи талаботи қисми 1 ҳамин модда сабт карда мешавад. Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегонаноми ашёмолҳайвонот ва парандагонинчунин ном ва ибораҳои таҳқиромезки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамояндманъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «ҳоҷӣ», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «суфӣ» ва ба инҳо монандки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардандманъ аст.

4. Номи падар аз номи падари кӯдак ё решаи он бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -фар, -пур, -духт ва (ё) бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул ёфтасабти он ихтиёрӣ мебошадИстифодаи пасвандҳои -овна, -евна, -ович, -евич дар номи падар манъ аст.

5. Дар ташаккулёбии насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасвандинчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд ҳам дар ташаккули насаб ва ҳам дар ташаккули номи падар манъ аст.

6. Дар сурати мавҷуд набудани розигии байни падару модар насаб, ном ва (ё) номи падари кӯдак дар китобҳои бақайдгирии давлатии сабти таваллуди кӯдак аз рӯйи қарори мақомоти васояту парасторӣ сабт карда мешавад.

7. Дар ҳолати дар ақди никоҳ набудани модар бо падари кӯдак ва агар падарӣ муқаррар нашуда бошаднасаб, ном ва номи падари кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 19 Қонуни мазкур ба қайд гирифта мешавад.

8. Тарзи навишти насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад. Агар дар насаби интихобшуда қаблан ба ғалат роҳ дода шуда бошад, он бо феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мувофиқ карда шуда, ба қайд гирифта мешавад.

9. Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба насаб, ном ва номи падар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллии онҳо кафолат дода мешавадНамояндагони ақаллиятҳои миллӣ бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ амалӣ намояндТартиби навишти насаб, ном ва номи падари намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мутобиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ амалӣ карда мешавадИстифодаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба номгузорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

10. Дар сурати гуногун будани миллати падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қисми 9 ҳамин модда сабт карда мешавад.

БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАВАЛЛУД

Автор: Iskandar