12 дек. 2025 г., 07:22

Тартиби додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Тартиби додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

(Маълумоти мазкур аз манбаи мазкур пайдо карда шуд - https://migration.tj/i%D2%B7ozat-baroi-kor-ba-sha%D2%B3rvandoni-hori%D2%B7/)

 

Тартиби додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд тавассути қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Иҷозат барои кор ҳуҷҷате мебошадки ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро барои фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 1.08.2014 № 499 иҷозат барои кор ба мӯҳлати то 1 сол дода мешавад.

Аз гирифтани иҷозат барои кор шахсони зерин озод карда мешаванд:

– хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбии хориҷии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда адо менамоянд;

– дар намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ кор ва фаъолият менамоянд;

– дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд;

– сайёҳонеки бо раводиди сайёҳӣ ба воситаи агентии сайёҳӣ омадаанд;

– ба сафари хизматӣ, аз ҷумла варзишгаронеки ба мусобиқаҳоҳунарпешагонеки барои фаъолияти ҳунарӣ бо таклифи расмии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо омадаанд;

– сармоягузорон ва амонатгузоронеки ба маблағи на камтар аз 500 ҳазор доллари ИМА сармоягузорӣ намудаанд, дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ;

– намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;

– шахсонеки дар иттиҳодияҳои динии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуда, ба фаъолияти касбӣ машғуланд;

– шахсонеки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кӯмаки хайрия ва башардӯстона омадаанд;

– роҳбарон ва кормандони шир катҳои хориҷиеки дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ва ё байниҳукуматии сармоягузорӣ ва қарзгирии имтиёзнок фаъолият менамоянд.

 

Тартиби додани иҷозат барои кор

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08.2014, №499 ва талаботҳои Хадамоти муҳоҷиарт шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати гирифтани иҷозат барои кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

– мактуб ба номи Сардори Хадамоти муҳоҷират (барои дидани намунаи мактуб ин ҷоро зер кунед);

– ариза ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнатмуҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақоми ваколатдор);

– нусхаи иҷозатнома;

– шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд бо нусхааш;

– нусхаи раводиди меҳнатӣминтақаи озоди иқтисодӣҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тиҷоратӣ (барои шаҳрвандони хориҷии давлатҳоеки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи раводидӣ доранд);

– варақаи бақайдгирӣ бо нусхааш;

– расидҳо оид ба пардохти ҳаққи иҷозат барои кор бо нусхааш;

– 2 дона расми рангаи ҳаҷмаш 3×4 см;

– маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи №029);

– нусхаи даъватнома ва ё шартнома бо корфармо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонрақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

Ҳуҷҷатҳои расмии дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ ба расмият даровардашудаки нусхаҳои онҳо барои гирифтани иҷозат барои кор пешниҳод карда мешавандбояд бо тартиби муқарраргардида дар намояндагиҳои дипломатӣ ё идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қонунӣ гардонида шаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Дар суратеки агар ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ тартиб дода шуда бошанд, ба онҳо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ҳамроҳ карда мешаванд.

 

Мақоми ваколатдор маълумоти дар ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ҷойдоштаро санҷида, аз натиҷаи баррасии он оид ба додан ё рад намудани иҷозат барои кор қарор қабул менамоядБо ҳар як ариза қарори алоҳида қабул карда мешавад.

Мақоми ваколатдор аризаероки дар он рақами бақайдгирӣ гузошта шудааст, ба қайд гирифта, ба аризадиҳанда нусхаи аризаашро бо нишондоди санаи қабули он медиҳад.

Қарор оид ба додан ё рад намудани додани иҷозат барои кор аз ҷониби мақоми ваколатдор дар давоми 15 рӯз аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби аризадиҳанда қабул карда мешавад.

Иҷозат барои кор ба шахсонеки ба синни 18 расидаанддода мешавад.

Додани иҷозат барои кор дар доираи квотаи муайянгардидаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тасдиқ менамояд, ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад:

– ба квотаи муқарраршудаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқ набудани дархост;

– мавҷудияти мутахассисони ватанӣ ба ҷойҳои кориеки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд хоҳиши фаъолияти меҳнатиро доранд;

– дарҷ гардидани маълумоти беэътимод дар ариза ва маводи пешниҳодшуда;

– мавҷуд набудани зарурати тамдиди иҷозати кор.

Иҷозат барои кор дар варақаеки дорои ҳифз аз сохтакорӣ, дар намуди корти пластикӣ тайёр карда шудааст ва ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад ба расмият дароварда мешавад.

Намунаи варақаи иҷозат барои корро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Иҷозат барои кор дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби Комиссияи Хадамоти муҳоҷират ва дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҷониби комиссияҳои дахлдори сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар ин минтақаҳо дода шудабо мӯҳри сохтори дахлдори Хадамоти муҳоҷират тасдиқ карда мешавад.

Иҷозат барои корро ҳар як шаҳрванди хориҷӣинчунин бо розигии ӯ корфармо ва ё шахси дигареки бовариномаро барои гирифтани ҳуҷҷати мазкур пешниҳод менамоядгирифта метавонад.

Ҳангоми гирифтани иҷозат барои кор корфармо ё шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст маълумотномаи тиббиро дар хусуси надоштани бемориҳои нашъамандӣ ва сирояткунандаки ба атрофиён хатарнок буданомгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавадинчунин сертификати надоштани бемории норасоии масунияти одамро пешниҳод намояд.

Набудани ҳуҷҷатҳои зерин асос барои рад намудани додани иҷозат барои кор ба ҳисоб меравад:

– ариза ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнатмуҳоҷират ва шуҷли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақоми ваколатдор);

– шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд бо нусхааш;

– нусхаи раводиди меҳнатӣминтақаи озоди иқтисодӣҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тиҷоратӣ (барои шаҳрвандони хориҷии давлатҳоеки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи раводидӣ доранд);

– варақаи бақайдгирӣ бо нусхааш;

– квитансия оид ба пардохти ҳаққи иҷозат барои кор бо нусхааш;

– 2 дона расми рангаи ҳаҷмаш 3×4 см;

– маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (намунаи №029);

– нусхаи даъватнома ва ё шартнома бо корфармо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонрақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

Ҳангоми аз ҷониби корфармо гирифтани иҷозат барои коркорфармо вазифадор астиҷозат барои корро ба коргари хориҷӣ бо гузоштани имзои худ, ки он ба номи вай то оғози фаъолияти меҳнатиаш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудаастсупорад.

Маблағи пардохт барои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як сол муайян карда мешавад.

Дар ҳолати гум шудани иҷозат барои коршаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бояд дар мӯҳлати 10 рӯз ба мақоми ваколатдор бо ариза дар бораи аз нав гирифтани иҷозат барои кор бар ивази иҷозати гумшуда бо нишон додани ҳолати гум шудани он муроҷиат намояд. Ба аризашиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд бо нусхаашнусхаи раводиди меҳнатӣминтақаи озоди иқтисодӣҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тиҷоратӣ (барои шаҳрвандони хориҷии давлатҳоеки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи раводидӣ доранд), варақаи бақайдгирӣ бо нусхаашквитансия оид ба пардохти ҳаққи иҷозат барои кор бо нусхааш, 2 дона расми рангаи ҳаҷмаш 3×4 см, маълумотномаи тиббӣ (намунаи №029), нусхаи даъватнома ва ё шартнома бо корфармо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонрақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) ва квитансия оид ба пардохти 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандки ба суратҳисоби махсуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнатмуҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қоидаҳои мазкур ворид мегардадҳамроҳ карда мешавад.

 

Баъди санҷиши ҳолати гум кардани эътибори иҷозат барои кор ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар давоми 5 рӯз, аз рӯзи гирифтани аризаи ӯ, бо гузоштани имзо иҷозат барои кор бар ивази ҳуҷҷати гумшуда дода мешавад.

Мақоми ваколатдор иҷозати барои кор додашуда ва аз эътибор соқит донисташударо баҳисоб мегирад ва аз натиҷаи додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.

Шаҳрванди хориҷиеки барои кор иҷозат гирифтаастӯҳдадор аст фаъолияти меҳнатиро аз рӯи ихтисоси муайяншуда ва танҳо дар он минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистонки он дар иҷозат барои кор муқаррар карда шудаастамалӣ гардонад.

Дар ҳолатеки коргари хориҷӣ ва ё корфармоқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон менамоянд, агар фаъолияти меҳнатии корманди хориҷӣ ба таъмини манфиатҳои амнияти миллӣ зарар расонад ва агар зарурияти ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён оядиҷозат барои кор аз ҷониби мақоми ваколатдор бекор карда мешавад.

Дар ҳолати надоштани иҷозат барои кор шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба шакли моликияташон барои ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандки иҷозат барои корро надорандмувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи Қоидаи мазкуршаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ омадаастбояд қаламрави ҷумҳуриро дар муддати 5 шабонарӯз ихтиёран тарк намояд. Дар сурати тарк накардан ӯ бе таъхир аз ҳудуди ҷумҳурӣ аз тарафи мақоми ваколатдор ронда мешавад.

Маблағи аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳисоби худи ӯ ва ё шахси корфармо, ё ин ки аз тарафи даъваткунанда пардохта мешавад.

Номгӯи  ҳуҷҷатҳо оиди гирифтани  Иҷозатнома (лицензия)

 

Мактуб ба номи Сардори Хадамот;

Шаҳодатнома, РМА (ИНН), Иқтибоси корхона;

Нусхаи шиносномаи Роҳбари Корхона;

Руйхати тачхизотхо;

Фармони ҳуқуқшинос;

Нусхаи Дипломи ҳуқуқшинос;

Нусхаи шиносномаи хукукшинос;

Нусхаи иҷораи бино;

Руйхати  кормандон;

Маълумотномаи Оморӣ;

Оинномаи корхона тарики нотариалӣ таъидшуда;

Расидҳо (272+680 c);

Ваколатномаи шахси масъул.

 

Номгӯи ҳуҷҷатҳои Иҷозат барои кор:

 

     1.   Мактуб ба номи Сардори ХМ;

     2.   Ариза;

     3.   Нусхаи Ичозатнома (Лицензия);

     4.   Нусхаи РМА,Иктибос,Шаходатнома;

     5.   Нусхаи шиносномаи Рохбар;

     6.   2 дона сурат  3х4;

     7.   Маълумотномаи тибби  шакли 029 (Медгородок);

     8.   Маълумотномаи ВИЧ СПИД;

     9.   Шартномаи мехнатӣ;

     10. Нусхаи шиносномараводидваракаи

           бакайдгирии  шахрванди хоричӣ;

     11. Ваколатномаи шахси масъул.

     12. Расидхо (квитанция) 4080 сомонӣ;

     13. Бочи ҷумхурӣ;

     14.  Хизматрасонии ХМ.

 

иҷозат барои кор

Автор: Iskandar