12 дек. 2025 г., 07:18

Иқтибос аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Иқтибос аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАИ ҚОНУНҲОИ ОИЛА ДАР МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВИ БО ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДИ

БОБИ 22. ИСТИФОДАИ ҚОНУНГУЗОРИИ НИКОҲ ВА ОИЛА НИСБАТ БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДИ

Моддаи 167. Ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2031)

1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2031).

2. Шартҳои ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлатеки дар лаҳзаи ақди никоҳ ӯ шаҳрванди он давлат мебошадбо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳоеки монеъи ақди никоҳ мегардандмуайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 710, аз 26.12.2011 № 791, аз 03.01.2024 № 2031).

3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошаднисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориҷи бошадбо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 183).

4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешавандки ин шахс дар он ҷои истиқомати доими дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2031).

Моддаи 168. Ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консули

1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд, дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориҷики аз тарафи намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориҷие бошандки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир ё консул таъин кардаастмутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.

Моддаи 169. Эътирофи никоҳеки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст

1. Никоҳҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва никоҳҳои байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрвандики берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартҳо ва мснеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 710).

2. Никоҳи шаҳрвандони хориҷики берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаандки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешаванд.

Моддаи 170. Беэътибор донистани никоҳ

Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 791).

Моддаи 171. Бекор кардани никоҳ

1. Бекор кардани никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷи ё ашхоси бешаҳрвандиинчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунандҳуқуқ доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунадсарфи назар аз шаҳрвандии ӯ, дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳоеки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бекор кардани никоҳ дар мақмоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди иҷозат дода мешавадникоҳ дар намояндагиҳои дипломати ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 791).

3. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрвандики берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонбо риояи қонунгузории кишвари хориҷии дахлдор салоҳиятнокии мақомотеки оиди бекор кардани никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузориеки ҳангоми бекор кардани никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

4. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони хориҷики берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонбо риояи қонунгузории кишвари дахлдор салоҳияти мaқомеки дар бораи никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳоеки бояд ҳангоми бекор кардани никоҳ истифода шаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

 

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Автор: Iskandar