12 дек. 2025 г., 07:15
Ҳолати 17. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд шаҳрванди Тоҷикистон шаванд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 17. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд шаҳрванди Тоҷикистон шаванд.
Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда, аниқтараш Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 августи соли 2015, № 1208, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва дар асоси моддаҳои 14 ва 15 Қонуни болозикр ба онҳо машварат додан мумкин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро дар асоси дархости онҳо мутобиқи Қонуни конститутсионии мазкур ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудан мумкин аст.
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва (ё) моддӣ, ҳуқуқ доранд дар бораи қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд.
Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат намудан бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи ӯ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол на зиёда аз се моҳро ташкил намояд, ба истиснои таҳсил, муолиҷа ва сафари хизматӣ;
- донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан. мехоҳанд шаҳрванди Тоҷикистон шаванд, чунин ҳуқуқро доранд.
ii. Инчунин машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварат ва хизматрасонии лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
iii. Барои амалӣ намудани ҳуқуқи мазкур инчунин мизоҷ метавонад ба Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Абай, 2 ҳаст (дар назди собиқ бозори Ҷал-Ҷам, маҳаллаи 1-й Советский), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: дар ш. Душанбе: +992 37 233 3311; +992 37 233 3112, дар ш. Хуҷанд: +992 34 226 7280; +992 92 843 0000.
Автор: Iskandar