12 дек. 2025 г., 07:15
Ҳолати 16. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд ба муддати муайян меҳмонӣ, иштирок дар маъракаи варзишӣ, фарҳангӣ ё бо мақсади кор ба минтақаи дигари Тоҷикистон раванд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 16. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд ба муддати муайян меҳмонӣ, иштирок дар маъракаи варзишӣ, фарҳангӣ ё бо мақсади кор ба минтақаи дигари Тоҷикистон раванд.
16.1. Дар аввал пурсед, ки онҳо сафар ба кадом маҳали аҳолинишин кардан мехоҳанд?
i. Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва мехоҳанд ба муддати муайян меҳмонӣ, иштирок дар маъракаи варзишӣ, фарҳангӣ ё бо мақсади кор ба минтақаи дигари Тоҷикистон ба муҳлати муайян раванд, тибқи мазмуни қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон ин ҳуқуқро доранд. Барои амалӣ намудани ҳуқуқи мазкур зарур аст, ки бо аризаи дахлдор (оид ба гирифтани иҷозат барои сафари муваққатӣ намудан ба минтақаи аҳолинишини Тоҷикистон бо мақсади меҳмонӣ, иштирок дар маъракаи варзишӣ, фарҳангӣ ё корӣ) ба Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Абай, 2 (дар назди собиқ бозори Ҷал-Ҷам, маҳаллаи 1-й Советский), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: дар ш. Душанбе: +992 37 233 3311; +992 37 233 3112, дар ш. Хуҷанд: +992 34 226 7280; +992 92 843 0000
ii. Ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд дар Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» аризаи дахлдор тартиб дода, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
Автор: Iskandar