12 дек. 2025 г., 07:14
Ҳолати 15. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳад шабгардӣ кунанд (ба ресторан, консерт, футбол ва ѓайра раванд).
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 15. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳад шабгардӣ кунанд (ба ресторан, консерт, футбол ва ѓайра раванд).
i. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд шабгардӣ кунанд (ба ресторан, консерт, футбол ва ѓайра раванд), тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин ҳуқуқро доранд, аз ин рӯ, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо беташвиш ҳуқуқи худро амалӣ созанд. Танҳо, ҷиддан ба онҳо машварат диҳед, ки тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми шабгардӣ вайрон насозанд! Дар акси ҳол ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида шуда метавонанд. Зиёда аз ин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» аз 2 августи соли 2011 дар вақти шабона – аз 1 апрел то 30 апрел – аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март – аз соати 20:00 то соати 06:00 шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда фарзандони худро дар кӯча бе назорат нагузоранд ва ба марказҳои дилхушӣ (клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, ресторанҳо ва дигар иншоотҳое, ки барои ташкил ва гузарондани чорабиниҳои фароѓатӣ ва истироҳатӣ муайян шудаанд) рафтани онҳоро манъ намоянд.
ii. Дар сурати дучор шудани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, бо қонуншиканӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вақти шабгардӣ, машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
Автор: Iskandar