12 дек. 2025 г., 07:13

Ҳолати 14. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд тӯй ё дигар маъракаҳои ҷашнӣ гузаронанд.

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Ҳолати 14. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд тӯй ё дигар маъракаҳои ҷашнӣ гузаронанд.

14.1. Дар аввал пурседки мизоҷ ба кадом маҳали аҳолинишин истиқомати муваққатӣ дорад?

 

i.                 Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандеки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда дорандмехоҳанд тӯй ё дигар маъракаҳои ҷашнӣ гузаронандтибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024, таҳти №2048, чунин ҳуқуқро дорандмасалантибқи моддаи 10 қонуни болозикр ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад ё тибқи моддаи 12 қонуни болозикр тӯйи домодию арӯсӣ бо гузарондани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани тӯё барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад ё тибқи қисми 2 моддаи 14 қонуни болозикр маросими се, чил ва сол ҳангоми иҷрои маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад ва ѓайра.

ii.               Аз ин рӯ, ба онҳо машварат диҳедки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд.  Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунандмашварат диҳедки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдаткӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намояндТелефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.

iii.             Инчунин, ба чунин шахсон машварат диҳедки онҳо метавонанд бевосита ба Комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷойи зисти муваққатӣ муроҷиат намояндМасалан, агар мизоҷ дар шаҳри Ваҳдат истиқомати муваққатӣ дошта бошад, пас ба бахши болозикри ш. Ваҳдат муроҷиат намоянд.

тӯй ё дигар маъракаҳои ҷашнӣ

Автор: Iskandar