12 дек. 2025 г., 07:11
Ҳолати 13. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд мехоҳанд дар кишвари дигар табобат гиранд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 13. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд мехоҳанд дар кишвари дигар табобат гиранд.
13.1. Дар аввал пурсед, ки мизоҷ ба кадом кишвари хориҷӣ сафари муваққатӣ барои табобат кардан мехоҳад?
i. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳад дар кишвари дигар табобат гиранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи соли 2002, таҳти №50, чунин ҳуқуқро доранд. Амалӣ гардондани ҳуқуқи мазкур чунин сурат мегирад: 1) Пешниҳоди аризаи дахлдор дар бораи сафари муваққатӣ ба кишвари дигар бо мақсади табобат ба Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Тоҷикистон; 2) Дар асоси аризаи мазкур аз ҷониби шуъбаи болозикр мактуб ба унвони Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омода карда мешавад; 3) Дар асоси мактуби мазкур визаҳои хуруҷу баргашт ба муҳлати табобат дода мешаванд.
ii. Аз ин рӯ, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
iii. Инчунин, ба чунин шахсон машварат диҳед, ки онҳо бо мақсади гирифтани визаи дахлдор ба Сафоратхонаи кишвари хориҷии ба он сафар мекардагӣ ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда, муроҷиат намоянд. Масалан, агар ҷойи табобати оянда дар Ҳиндустон бошад, пас ба Сафоратхонаи кишвари мазкур дар Тоҷикистон муроҷиат намудан лозим аст.
Автор: Iskandar