12 дек. 2025 г., 07:10

Ҳолати 12. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳад бо шаҳрванди хориҷӣ ақди никоҳ бандад.

Руководство по работе с беженцами · Россия

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Россия

Подробности

Ҳолати 12. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳад бо шаҳрванди хориҷӣ ақди никоҳ бандад.


12.1. Дар аввал пурседки шахс шаҳрванди кадом кишвари хориҷӣ мебошад?

 

           i.          Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандеки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда дорандмехоҳад бо шаҳрванди хориҷӣ ақди никоҳ бандадтибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998[3] чунин ҳуқуқро доранд, аз ин рӯ, ба онҳо машварат диҳедки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд.  Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошадТелефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунандмашварат диҳедки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдаткӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намояндТелефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.

         ii.          Инчунинбаъди муайян кардани шаҳрвандии шахси никоҳшавандамашварат диҳедки ӯ метавонанд ба Сафоратхонаҳои кишвари худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояндМасалан, агар тарафи дигари ақди никоҳ шаҳрванди ИМА бошад, пас онҳо метавонанд ба Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Агар нафари дигари ақди никоҳ шаҳрванди Полша бошад, пас онҳо метавонанд ба Сафоратхонаи Полша дар ш. Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон қарордоштамуроҷиат намояндчунки Сафоратхонаи наздиктарини Полша дар он ҷой қарор дорад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафоратхонаи Полша мавҷуд нест.

     iii.            Инчунин, агар никоҳшавандаҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон бошанд, пас машварат диҳедки онҳо метавонанд ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонвоқеъ дар ш. Душанбе, к. Маяковский, 2 (дар назди клиникаи Мансуров). Телефонҳо барои тамос: (+99237) 2369902, 2369910 ё Консулхонаи генералии Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон дар ш. Хоруѓ, к. Каримшоев, 17. Телефон барои тамос: (+99235) 2202492, муроҷиат намоянд.

     iv.            Агар яке аз никоҳшавандаҳо ё ҳардуи онҳо шахсони бешаҳрванд бошанд, пас машварат диҳедки онҳо метавонанд ба шуъбаҳои САҲШ-и ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти муваққатии худ низ муроҷиат намоянд.

ақди никоҳ

Автор: Iskandar