12 дек. 2025 г., 07:10
Ҳолати 11. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, соҳиби фарзанд шуданд ва мехоҳанд, ки барои ӯ шаҳодатномаи таваллуд гиранд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 11. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, соҳиби фарзанд шуданд ва мехоҳанд, ки барои ӯ шаҳодатномаи таваллуд гиранд.
11.1. Дар аввал пурсед, ки онҳо дар айни ҳол дар кадом маҳали аҳолинишин истиқомати муваққатӣ доранд?
i. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, соҳиби фарзанд шудаанд ва мақсад доранд, ки барои фарзанди худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тастиқкунандаи шахсияти шаҳрванд гиранд, тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 2 январи соли 2025 чунин ҳуқуқро доранд. Тартиби гирифтани шаҳодатномаи таваллуд дар Замимаи 3 оварда шудааст.
ii. Ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
iii. Инчунин ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба шуъбаҳои САҲШ-и ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти муваққатии худ низ муроҷиат намоянд. Дар сурати рад кардани ариза, мизоҷ метавонад ба Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шикоят муроҷиат намояд. Роҳбари Раёсат, шуъбаҳо дар вилоятҳо, бахш/шуъба/ХАН, Сардор - Сироҷзода Саодатбибӣ Давлатхуҷа, Муовини сардор - Самадзода Ифтихор Амрохон, Рақами телефон, факс, код (904) 07 90 90; (918) 73 55 52, (992 37) 223-13-71; 223-13-56; 223-12-18; 223-13-76; 223-12-59, Почтаи электронии шахсӣ: info@sahsh.tj (Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак, бақайдгирии давлатии вафот, бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва дигар хизматрасониҳоро метавонед муфассалтар аз egov.tj маълумот бигиред.).
iv. Инчунин ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ш. Душанбе, к. Маяковский, 2 (дар назди клиникаи Мансуров). Телефонҳо барои тамос: (+99237) 2369902, 2369910 ё Консулхонаи генералии Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон дар ш. Хоруѓ, к. Каримшоев, 17. Телефон барои тамос: (+99235) 2202492, муроҷиат намоянд.
Автор: Iskandar