12 дек. 2025 г., 07:09
Ҳолати 10. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва фарзандҳои худро ба мактаб ё муассисаи томактабӣ дохил кардан мехоҳанд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 10. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва фарзандҳои худро ба мактаб ё муассисаи томактабӣ дохил кардан мехоҳанд.
i. Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва фарзандҳои худро ба мактаб ё муассисаи томактабӣ даровардан хоҳанд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо, Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезаҳо) онҳо чунин ҳуқуқро доранд. Зиёда аз ин, мизоҷро огоҳ намоед, ки дар сурати фаро нагирифтани кӯдакон ба мактаб волидон метавонанд дар асоси қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ кашида шаванд, ки ин ба оқибатҳои нохуш барои гурезаҳо ё шахсони паноҳҷӯянда оварда расонда метавонад, аз ҷумла боиси берун кардани онҳо аз қаламрави Тоҷикистон ё ба миён омадани монеагӣ барои интиқоли хусусӣ ба кищвари сеюм, масалан, Канада.
ii. Ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» барои хизматрасонии ҳуқуқӣ муроҷиат намуда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
iii. Инчунин, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва фарзандҳои худро ба мактаб ё муассисаи томактабӣ дохил кардан хоҳанд, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба шуъбаҳои маориф ва илми ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти худ низ муроҷиат намоянд.
iv. Инчунин, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва фарзандҳои худро ба мактаб ё муассисаи томактабӣ дохил кардан хоҳанд, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд бевосита ба муассисаҳои дахлдори таълимии ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти худ низ муроҷиат намоянд.
v. Дар сурати ба миён омадани мушкилӣ мизоҷ метавонад ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Суроѓа: ш. Душанбе, к. Нисормуҳаммад 13 а, mort@maorif.tj, Телефон барои тамос: +992-227-76-86.
Автор: Iskandar