12 дек. 2025 г., 07:08

Ҳолати 9. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ё аъзои оилаи онҳо, мавриди депортатсия қарор гирифтанд.

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Ҳолати 9. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ё аъзои оилаи онҳо, мавриди депортатсия қарор гирифтанд.

9.1. Дар аввал пурседки барои чӣ нисбати онҳо қарори депортатсия қабул гардид?

 

i.                 Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандеки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ё аъзоёни оилаи онҳо мавриди депортатсияи ѓайриқонунӣ қарор дода шудаанд, ба онҳо машварат диҳедки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» барои хизматрасонии ҳуқуқӣ муроҷиат намудамашварати лозимӣ дар он ҷой гиранд.  Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунандмашварат диҳедки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдаткӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намояндТелефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486. Бояд қайд кард, ки ташкилоти мазкур дорои буҷети махсус барои кироя намудани адвокатҳои ройгон буда, ба таври фаврӣ ба мизоҷони ниёзманд кумаки ҳуқуқӣ расонда метавонад!

ii.               Инчунин, ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ё аъзоёни оилаи онҳоки мавриди депортатсия қарор дода шудаанд, ба онҳо машварат диҳедки онҳо метавонанд ба Раёсати комиссари олии оид ба гурезаҳои СММ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ, 39, Тел.: +992 44 600 55 96/ 97; Факс: +992 37 251 00 39 низ муроҷиат намоянд.

iii.             Инчунин, ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ё аъзоёни оилаи онҳоки мавриди депортатсия қарор дода шудаанд, ба онҳо машварат диҳедки онҳо метавонанд ба мақомоти прокуратура шикоят намояндСуроѓаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 734043, ш. Душанбе, кӯчаи А.Сино, 126, Телефон: (+992 37) 250-43-57.

депортатсия

Автор: Iskandar