12 дек. 2025 г., 07:07
Ҳолати 7. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, қурбонии зӯроварӣ дар оила шудааст ва барои машварат ба Шумо муроҷиат намуд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 7. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, қурбонии зӯроварӣ дар оила шудааст ва барои машварат ба Шумо муроҷиат намуд.
7.1. Дар аввал пурсед, ки онҳо дар айни ҳол дар кадом маҳали аҳолинишин истиқомати муваққатӣ доранд?
i. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қурбонии зӯроварӣ дар оила шудаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
ii. Инчунин ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба ШВКД-и ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти муваққатии худ низ муроҷиат намоянд, зеро дар минтақаҳои мазкур нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият доранд. Чунин сохторҳо дар шаҳрҳои Душанбе (дар ҳамаи ноҳияҳои ш. Душанбе чунин зерсохторҳо фаъолият мекунанд), Хуҷанд, Бохтар, Ваҳдат, ноҳияҳои Кӯшониён, Рӯдакӣ, яъне минтақаҳои аҳолинишине, ки гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда дар ин маҳалҳо бештар истиқомат карда, ба қайд гирифта шудаанд, мавҷуд ҳаст. Телефон барои тамос: аз телефони мобилӣ - 102.
iii. Дар сурати ба таври ҷиддӣ муносибат накардан нисбати баррасии аризаи дахлдор, машварат диҳед, ки онҳо ба телефонҳои боварии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада метавонанд: (+992 37) 2 21 21 21, 19 19. Телефони боварии шӯъбаҳои ВКД: ВКД Душанбе (8372) 221-15-00; ВКД вилояти Суғд (83422) 6-22-22; ВКД Хатлон (83222) 2-13-13; Пойгоҳҳои навбатдории ВКД: ВКД 221-08-30, 227-98-98; ВКД Душанбе 221-15-42, 221-00-57; ВКД ноҳияи Сомонӣ 224-13-06, 224-48-74; ВКД нохияи Шохмансур 223-13-30, 227-80-00; ВКД ноҳияи Фирдавсӣ 233-72-24, 233-72-11; Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-1 236-92-24 236-83-35; Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 235-56-88 236-22-38; Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон (83222) 22515. 2-25-36; Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд (83422) 6-30-38; Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд (83422) 6-19-38; Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов (83455) 2-29-09.
iv. Инчунин ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба бахшҳои кор бо занон ва оилаи назди ҳукуматҳои ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти муваққатии худ низ муроҷиат намоянд.
v. Инчунин ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба бунгҳои тиббӣ, марказҳои бӯҳронӣ ва дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оилаи ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти муваққатии худ низ муроҷиат намоянд.
Автор: Iskandar