12 дек. 2025 г., 07:06
Ҳолати 6. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд ақди никоҳ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон банданд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 6. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд ақди никоҳ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон банданд.
6.1. Дар аввал пурсед, ки онҳо дар айни ҳол дар кадом маҳали аҳолинишин истиқомати муваққатӣ доранд?
i. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва мақсади бастани ақди никоҳ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» муроҷиат карда, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
ii. Инчунин ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд ба шуъбаҳои САҲШ-и ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти муваққатии худ низ муроҷиат намоянд. Тартиби ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ дар Замимаи 5 оварда шудааст.
Автор: Iskandar