12 дек. 2025 г., 07:05
Ҳолати 5. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд тарки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон карда, ба Ватани худ ихтиёран баргарданд.
Руководство по работе с беженцами · Таджикистан
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Таджикистан
Подробности
Ҳолати 5. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд тарки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон карда, ба Ватани худ ихтиёран баргарданд.
5.1. Дар аввал пурсед, ки онҳо дар айни ҳол мақоми гуреза доранд ё шахси паноҳҷӯянда?
i. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми гуреза доранд ва нияти тарки Ҷумҳурии Тоҷикистон карда, ба Ватани худ ихтиёран баргаштан мехоҳанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи соли 2002, таҳти №50, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд дар Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» аризаи дахлдор тартиб дода, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
ii. Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки мақоми гуреза доранд, дар айни ҳол аз ҳисоби Раёсати комиссари олии оид ба гурезаҳои СММ барои баргашти ихтиёрӣ ба Ватан харҷи роҳро гирифта метавонанд. Аз ин рӯ, ба чунин категорияи шахсон машварат диҳед, ки барои гирифтани чунин кумакпулӣ ба Раёсати комиссари олии оид ба гурезаҳои СММ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ, 39, Тел.: +992 44 600 55 96/ 97; Факс: +992 37 251 00 39 низ муроҷиат намоянд.
iii. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки мақоми шахси паноҳҷӯянда доранд ва мақсади тарки Ҷумҳурии Тоҷикистон карда, ба Ватани худ ихтиёран баргаштан мехоҳанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи соли 2002, таҳти №50, ба онҳо машварат диҳед, ки онҳо метавонанд дар Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» аризаи дахлдор тартиб дода, машварати лозимӣ дар он ҷой гиранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
Автор: Iskandar