12 дек. 2025 г., 07:04

Ҳолати 4. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи зистро иваз намоянд.

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Ҳолати 4. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, мехоҳанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи зистро иваз намоянд.

4.1. Дар аввал пурседки онҳо дар айни ҳол дар кадом минтақаи аҳолинишин истиқомати муваққатӣ доранд?

 

       i.          Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандеки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва нияти ивази ҷойи зист дорандтибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, таҳти №325 «Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистонки дар он ҷойҳо муваққатан зистани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест», машварат диҳедки дар аввалякҷоя бо соҳиби хона барои ба қайд гирифтани шартномаи иҷораи манзил ба Нозироти андози ҷойи зисти муваққатӣ муроҷиат намояндбаъданбарои гирифтани маълумотномаи ҷойи зист ба шуъбаи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва сохтумони ноҳия (шаҳр)-и ҷойи зисти муваққатӣ муроҷиат намояд ва охиринбарои гирифтани варақаи бақайдгирӣ онҳо метавонанд ё ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД-ҳои маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистонки дар он ҷойҳо муваққатан зистани шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мумкин астмуроҷиат намояд ё ба шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД ҶТ муроҷиат намояд

     ii.          Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандки мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд ва нияти ҷойи зисти худро иваз намудан доранд, пас ба онҳо машварат диҳедки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи соли 2002, таҳти №50 барои шахсони паноҳҷӯянда - «дар мӯҳлати на дертар аз 72 соат пас аз гирифтани роҳхат барои истиқомат ба маҳалли сукунати муваққатӣ равон шаванд ва пас аз расидан дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ бо пешниҳоди ҳуҷчатҳои шахсӣ аз қайд гузаранд» (қисми 2 моддаи 10) ва барои гурезаҳо - «ҳангоми сокиншавии мустақилона дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз гирифтани шаҳодатнома дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат аз қайд гузаранд» (қисми 2 моддаи 12) амал намоянд.

   iii.          Инчунин шартномаи иҷораи манзилро бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гуреза ё шахси паноҳҷӯянда доранд, дар Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» тартиб додан мумкин аст.  Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошадТелефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунандмашварат диҳедки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдаткӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намояндТелефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.

Шаҳрванди хориҷӣ шахси бешаҳрванд ивази ҷойи зист

Автор: Iskandar