12 дек. 2025 г., 07:03
Ҳолати 3. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мехоҳанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ намоянд.
Руководство по работе с беженцами · Россия
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Россия
Подробности
Ҳолати 3. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мехоҳанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ намоянд.
3.1. Дар аввал пурсед, ки ӯ фаъолияти соҳибкории худро дар кадом минтақа анҷом додан мехоҳад?
i. Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд фаъолияти соҳибкории худро дар ҷойи зисти муваққатии худ анҷом доданӣ бошад, пас ба ӯ машварат диҳед, ки шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба Нозироти андози ҷойи зисти муваққатии худ муроҷиат намояд. Инчунин, мизоҷ бевосита метавонад ба сайти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, маълумоти лозимиро гирад - https://andoz.tj/Legislation/Resolutions.
ii. Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд фаъолияти соҳибкории худро берун аз ҷойи зисти муваққатӣ анҷом додан хоҳад, пас ба ӯ машварат диҳед, ки шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба Нозироти андози ҷойи анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ муроҷиат намояд, масалан, агар ҷойи фаъолияти соҳибкории шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бошад, пас ба Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат кардан лозим аст.
iii. Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки мақсади анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад ва дорандаи мақоми гуреза мебошад, пас ба ӯ машварат диҳед, ки андозситонии чунин шахсон яккарата мебошад ва ӯ ин имтиёзро тавассути муроҷиати дахлдор ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда метавонад. Аризаи дахлдорро оид ба масъалаи мазкур дар Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» тартиб додан мумкин аст. Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошад. Телефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунанд, машварат диҳед, ки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.
Автор: Iskandar