12 дек. 2025 г., 07:02
Ҳолати 2. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Руководство по работе с беженцами · Россия
Категория
Руководство по работе с беженцами
Страна
Россия
Подробности
Ҳолати 2. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
2.1. Дар аввал пурсед, ки ӯ кай вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид?
i. Донистани лаҳзаи воридшавӣ барои машварати минбаъдаи Шумо аҳамияти калон дорад, масалан, тибқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз 2 январи соли 2018, таҳти № 1471 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадоранд, ки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузашта, баъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. Қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.». Аз ин рӯ, қадами навбатии Шумо аз он иборат аст, ки ба мизоҷ гирифтани варақаи бақайдгириро машварат диҳед.
2.2. Баъдан пурсед, ки ӯ виза дорад?
i. Донистани доштан ё надоштани виза шаҳодат аз он медиҳад, ки оё шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ ворид шудааст ё ѓайриқонунӣ.
ii. Дар сурати ѓайриқонунӣ ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шахсон ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ, масалан, ҷавобгарии ҷиноятӣ, кашида шуда метавонанд. Оиди ин шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бояд огоҳ карда шавад!
iii. Дар сурати қонунӣ ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба ӯ машварат диҳед, ки тибқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз 2 январи соли 2018, таҳти № 1471 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525), шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадоранд, ки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузашта, баъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. Қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Аз ин рӯ, ба чунин шахс машварат диҳед, ки ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД-и ҷойи зисти муваққатӣ барои гирифтани варақаи бақайдгирӣ муроҷиат намояд.
2.3. Дар охир, пурсед, ки оё варақаи бақайдгирӣ гирифтааст?
i. Дар сурати надоштани варақаи бақайдгирӣ, ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд машварат диҳед, ки тибқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз 2 январи соли 2018, таҳти № 1471 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525), шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадоранд, ки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузашта, баъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. Қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Аз ин рӯ, чунин шахс ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД-и ҷойи зисти муваққатӣ барои гирифтани варақаи бақайдгирӣ муроҷиат намояд.
ii. Дар сурати доштани варақаи бақайдгирӣ, ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд машварат диҳед, ки ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати кор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Суроға: ш. Душанбе, к. С. Айнӣ ,121, Тел/факс: +992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89. Тартиби гирифтани иҷозати кор дар Замимаи 4 оварда шудааст.
iii. Барои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гуреза доранд, машварат диҳед, ки онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ зарурат ба доштани иҷозати кор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон надоранд.
Автор: Iskandar