12 дек. 2025 г., 07:00

Ҳолати 1. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани мақоми гуреза ворид гардид.

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Ҳолати 1. – Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани мақоми гуреза ворид гардид.

1.1. Дар аввал пурседки ӯ кай вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид?

 

       i.          Донистани лаҳзаи воридшавӣ барои машварати минбаъдаи Шумо аҳамияти калон дорад, зеро, тибқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз 2 январи соли 2018, таҳти № 1471 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525), шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадорандки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузаштабаъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошадҚоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоядАз ин рӯқадами навбатии Шумо аз он иборат астки ба мизоҷ гирифтани варақаи бақайдгириро машварат диҳедБарои гирифтани варақаи бақайдгирӣ ӯ метавонад танҳо ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД-и маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистонки дар он ҷойҳо муваққатан зистани шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мумкин аст[2]муроҷиат намояд. Дар аксарияти ҳолатҳо, ин шаҳрҳои ВаҳдатҲисорноҳияҳои РӯдакӣКӯшониёнҶаббор Расулов ба ҳисоб меравандАммо дар ноҳияҳои БалхӣФайзободШаҳринавРаштШаҳристонАйнӣСпитаменшаҳри Истарашан низ онҳо истиқомати муваққатӣ карда метавонанд.

 

1.2. Баъдан пурседки ӯ виза дорад?

 

     i.            Донистани доштан ё надоштани виза шаҳодат аз он медиҳадки оё шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ ворид шудааст ё ѓайриқонунӣ.

   ii.            Дар сурати ѓайриқонунӣ ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шахсон ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида шуда метавонанд. (Иттилоот оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ба замимаи 6 оварда шудааст)Оиди ин шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бояд огоҳ карда шавадЗиёда аз ин, надоштани виза барои гирифтани мақоми гуреза дар оянда метавонад монеа шавад. Ба чунин мизоҷон машварат диҳедки барои ҳимояи ҳуқуқи худ ва пайдо кардани имконияти муроҷиати дахлдор барои гирифтани мақоми гуреза дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» барои хизматрасонии ҳуқуқӣ муроҷиат намудамашварати лозимӣ дар он ҷой гиранд.  Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 воқеъ мебошадТелефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунандмашварат диҳедки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдаткӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намояндТелефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486. 

 iii.            Дар сурати қонунӣ ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба ӯ машварат диҳедки тибқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз 2 январи соли 2018, таҳти № 1471 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525), шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадорандки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузаштабаъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошадҚоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоядАз ин рӯ, чунин шахс ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД-и ҷойи зисти муваққатӣ барои гирифтани варақаи бақайдгирӣ муроҷиат намояд, то ин ки буду боши минбаъдаи худро қонунӣ гардонад 

 iv.            Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандеки мақсади гирифтани мақоми гуреза дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, таҳти №325 «Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистонки дар он ҷойҳо муваққатан зистани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест», машварат диҳедки барои гирифтани варақаи бақайдгирӣ ӯ метавонад танҳо ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД-и маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистонки дар он ҷойҳо муваққатан зистани шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мумкин астмуроҷиат намояд. Дар аксарияти ҳолатҳо, ин шаҳрҳои ВаҳдатҲисорноҳияҳои РӯдакӣКӯшониёнҶаббор Расулов ба ҳисоб меравандАммо дар ноҳияҳои БалхӣФайзободШаҳринавРаштШаҳристонАйнӣСпитаменшаҳри Истарашан низ онҳо истиқомати муваққатӣ карда метавонанд.

 

1.3. Дар охирпурседки оё варақаи бақайдгирӣ гирифтааст?

 

       i.          Дар сурати надоштани варақаи бақайдгирӣ, ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд машварат диҳедки тибқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз 2 январи соли 2018, таҳти № 1471 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525), шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадорандки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузаштабаъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошадҚоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Аз ин рӯчунин шахс ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД-и ҷойи зисти муваққатӣ барои гирифтани варақаи бақайдгирӣ муроҷиат намояд.

     ii.          Дар сурати доштани варақаи бақайдгирӣ, ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд (агар варақаи бақайдгирӣ дар дилхоҳ ШВКД-и шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шаҳри Ваҳдатгирифта бошандмашварат диҳедки ба Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, 10 мебошадмуроҷиат намоядТелефон барои тамос: (+992) 919315816. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандеки дар шаҳри Ваҳдат муваққатан истиқомат мекунандмашварат диҳедки ба филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдаткӯчаи 20-солагии Истиқлолият, 35, ошёнаи 2, даромадгоҳ аз тарафи чап мебошад (дар ошёнаи 1-ум Бонки «Ҳумо ҷойгир мебошад»), муроҷиат намояндТелефонҳо барои тамос: (+992) 784015555, (+993) 904444486.

Шаҳрванди хориҷӣ шахси бешаҳрванд гирифтани мақоми гуреза

Автор: Iskandar