12 дек. 2025 г., 06:58

Муқаддима

Руководство по работе с беженцами · Таджикистан

Категория

Руководство по работе с беженцами

Страна

Таджикистан

Подробности

Муқаддима

Шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ҳамеша ба гурӯҳи осебпазири дилхоҳ ҷомеа тааллуқанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маълумоти Агентии Раёсати комиссари олӣ СММ оид ба гурезаҳо то моҳи июли соли 2024 дар Тоҷикистон 8259 гуреза ва 2122 нафар шахсони паноҳҷӯянда[1] истиқомати муваққатӣ мекунанд.

Тоҷикистон дар айни ҳол мизбони бештарин ҷамъияти шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Осиёи Марказӣасосан аз Афғонистони ҳамсоя аст. Дар кишвар қонуни миллии гуреза мавҷуд аст ва Ҳукумат тартиби муайян кардани мақоми гурезаро амалӣ мекунадКомиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо кор бо Ҳукуматро идома медиҳад, то мутобиқати чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ дар самти дастгирии гурезаҳо барои ҳамгироӣ ба ҷомеаи маҳаллӣ мувофиқат кунадТаваҷҷуҳи бештар ба кумаки рӯзгор дода мешавад, то гурезаҳо мустақил шаванд ва дар ҷомеа саҳм гузоранд.

Дастури мазкур низ бо мақсади ҳадафҳои болозикряъне аз расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳоеки ниёз ба дастгирӣ ва машварат дорандиборат мебошадАксарияти нафарони номбурда ба кишваре меояндки тартибу низом ва қонуну қоидаҳои амалкунандаро дар ин ҷой намедонандҚадами аввали худро такя ба риоя ва иҷрои қонуни маҳаллӣ гузоштан аз ҷониби шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо аҳамияти калон дорад.

Маълумоти ибтидоии муфид барои шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо тавассути хати оҷилӣки он дар доираи лоиҳаи дахлдори Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон фаъолият мекунаддастрас буда метавонадСозмони мазкур дар доираи ҳадафҳои худ дар самти муҳоҷиратки шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо як ҷузъи муҳоҷирати бехатар ҳастандфаъолияти хати оҷилиро дастгирӣ мекунад.

Дастури мазкур барои операторони хати оҷилӣ таҳия шудаастки ҳолатҳои муайянро бо ҷавобҳои имконпазир дар бар мегирадТамоми ҷавобҳои имконпазир такя ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи муаллиф дар самти ҳуқуқи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо омода шудаастҲамагӣ 18 ҳолати имконпазир бо ҷавобҳояш дар дастури мазкур баррасӣ шудаанд.

Дастури мазкур аз ҷониби ҳуқуқшинос-машваратчии Ташкилоти ҷамъиятии «Гурезаҳокӯдакон ва шаҳрвандони ниёзманд», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич тартиб дода шудааст.

Муқаддима

Автор: Iskandar