09 дек. 2025 г., 05:42
Иваз намудани мақсади воридшавӣ ба мақсади “Работа” (Кор)
Вопросы и ответы · Россия
Категория
Вопросы и ответы
Страна
Россия
Подробности
Иваз намудани мақсади воридшавӣ ба мақсади “Работа” (Кор)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия бе мақсади “Работа” (Кор) ворид мешаванд, дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ (аз рӯзи воридшудан) мақсади воридшавиро ба “Работа” танҳо дар ҳолати ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба гирифтани патент, метавонанд иваз намоянд.
Аз 31 октябри соли 2022 шакли нави Ариза оид ба иваз намудани мақсади ворид, қабул карда шудааст. Дар ин шакли нав, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар бораи тағйири мақсади ворид дар Ариза қайд намояд.
Пас аз он, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар давоми 30 рӯз аз рӯзи тағйири мақсади сафар аз муоинаи тиббӣ гузашта, бақайдгирии дактилоскопӣ (супоридани изи ангушт) анҷом диҳад.
Ба ариза чунин ҳуҷҷатҳо замима карда мешаванд:
Ø Шиносномаи биометрикӣ
Ø Корти муҳоҷиратӣ бо муҳри корманди сарҳадот оид ба воридшавии шаҳрванди хориҷӣ;
Ø Шартномаи меҳнатӣ бо корфармо
Ø Пардохти боҷи давлатӣ (агар лозим бошад).
Мӯҳлати муроҷиатро риоя кардан лозим аст.
Дар худи корти муҳоҷиратӣ тағйир додани мақсади ворид имконнопазир аст.
Намунаи Ариза:
Герб МВД России ГУ МВД России по вопросам миграции (указать территориальное подразделение)
от _______________ (ФИО заявителя) гражданина _______________ (государство гражданства) паспорт серии ________ № ________, выдан ____________ зарегистрированного по адресу: ________________________
ЗАЯВЛЕНИЕ
Прошу изменить указанную в миграционной карте цель въезда в Российскую Федерацию с "_________" на "_________".
Я въехал(а) в Российскую Федерацию "" __________ 20__ г. через пункт пропуска "________________". В миграционной карте указана цель въезда "________". В связи с изменившимися обстоятельствами мне необходимо изменить цель на "____________".
Основания для изменения цели въезда: (указать причину, например, заключение трудового договора, поступление в учебное заведение и т. д.)
К заявлению прилагаю:
- Копию паспорта (с нотариальным переводом, если требуется);
- Копию миграционной карты;
- Документ, подтверждающий необходимость изменения цели въезда (трудовой договор, справка из учебного заведения и т. д.);
- Квитанцию об оплате госпошлины (если требуется).
О последствиях предоставления недостоверных сведений предупрежден(а).
Дата: "______" __________ 20____ г. Подпись: ______________
Автор: Iskandar